На аз ҷом дигар ҳар дами дарин майхонаи саргармам
Ки чун хуршеди тобони ман ба як паймонаи саргармам
Ба як оташ чу доғи лола май сӯзами дарин гулшан
На ҳар шамъӣ тавонад кард чун парвонаи саргармам
Шавад аз снгборони маломаттар димоғи ман
Азин ратли гарон чун мардуми девонаи саргармам
Назар чун мардуми болиғи назар бар нав хатон дорам
Дарин мактаб насозад абҷади тифлонаи саргармам
Нагирад пеши роҳи азми ман гардун кам фурсат
Ба ҳар корӣ ки созад ҳиммати мардонаи саргармам
Зободӣ шавад ваҳшати фузуни ҷонҳои ваҳшӣ ро
Аз он пайваста дар таъмири ин вайронаи саргармам
Марои дилгармӣ сайёд дорад дар қафаси соиб
На он мурғам ки созад ҳирси обу донаи сргрммм