Куҷои моил ба ҳар дил гардад абрӯе ки ман донам ?

Ки сар май печад аз Юсуфи тарозуе ки ман донам

Шуморади мавҷи дарёии сароб аз бениёзӣ ҳо

Суҷуд на фалакро тоқи абрӯе ки ман донам

зи хошоки ҷигари дузи алойиқ пок ме созад

Замини синаи синаҳоро оташини рӯе ки ман донам

Фалакро мекашад чун қамарён дар ҳалқаи фармон

Ба гесуии мусалсали сару дилҷӯе ки ман донам

Кунад ҳам сайр бо тахти сулаймон дар ҷаҳонгардӣ

зи шухии шишаи дилро парии рӯе ки ман донам

Ба як дидан кунад равшантар аз рухсораи Юсуф

Чароғи дидаи ёқӯбро рӯе ки ман донам

Ҷигаргоҳи замини кони Бадахшон зуд ме гардад

Чунингар теғ ронад дасту бозуе ки ман донам

Чу мағз писта мегирад ба шукри талхи комон ро

Ба ҳарфи шаккарини лаъли сухангӯе ки ман донам

Гузорад меҳр бар лаби сҳрпрдозони Бобул ро

зи мижгони сухангӯи чашми ҷодуӣ ки ман донам

зи ҳарфи орзӯии хом май бандад ба ҳар ҷунбиш

Забони ошиқонро чини абрӯе ки ман донам

Ба зӯдии ҳалқаи берун дар созад сувидо ро

зи ҳасани дилпазири он холи ҳиндӯе ки ман донам

Агар дар пардаи шарму ҳаёи рӯйиш ниҳон гардад

Ба фикри давр гардон мефитад бӯе ки ман донам

Ба фикри андалеб бе навой мо куҷо уфтад ?

Ки гул аз ғунча хусбонаст дар кӯе ки ман донам

Машав навмед агар як чанд хӯн дар дил кунад чашмаш

Ки хӯнро машк мегирданд оҳӯе ки ман донам

зи ҳайрати тӯтӣони осмониро хамаш дорад

Збси нуру сафо , ойӣнаи рӯе ки ман донам

Агар хӯни ду оламро кунад дар шишаи бедодаш

Пушаймонӣ намедонад ҷФоҷўиӣ ки ман донам

Чаро созами биёбони марги нокомии дили худро ?

намегардад ба маҷнӯнами ром , оҳӯе ки ман донам

Парешон мекунад мағзи насими субҳро соиб

зи шухиҳои накҳати анбарин мӯе ки ман донам