зи пастӣ бар фалак аз покӣ гавҳар шавад шабнам
зи чашми пок бо хуршеди ҳам бистар шавад шабнам
Ба аз ҳамсуҳбати шоиста эксирӣ наме бошад
зи қурби лола аз ёқӯти рангин тар шавад шабнам
Ба чашми пок осонаст тасхири нкўрўён
Яке бо офтоб аз дида анвар шавад шабнам
Ба ишқ пок кардам сарфи умри худ , надонистам
Ки азтар доманӣ бо ғунчаи ҳам бистар шавад шабнам
Ба равшани талъатони пайванд агар миъроҷ май хоҳӣ
Ки аз хуршеди равшандили баланд ахтар шавад шабнам
зи оби чашм ман гуфтам шавад бедор , азин ғофил
Ки хоби нози гулро парда дигар шавад шабнам
зи чашми поки ъшртҳои рангин ме тавон кардан
Ки гулро ткмаҳи пероҳан аҳмар шавад шабнам
Дар оташ мегузорад ҳасани наъли поки чашмон ро
Ки аз хуршед чун симоб белангар шавад шабнам
Дар он гулшан ки аз май чеҳраро чун гул барафрӯзӣ
Ба рӯй оташини лола хокистар шавад шабнам
Ба чашми андалеб аз ҷумла трдомнон бошад
Агар дар поки чашмии қатра кавсар шавад шабнам
Мадор эй поки гавҳари дасти саъй аз домани покон
Ки аз омезиши гулҳо парӣ пайкар шавад шабнам
Надорад обрӯи гули пеши рухсори ърқнокш
Агар аз шӯхи чашмии меҳри он маҳзар шавад шабнам
Набошад роҳ дар гулзор ӯ ҳар шӯхи чашмӣ ро
Магар бо дидатар ҳалқаи он дар шавад шабнам
Тани осонии дили бедорро ғофил наме созад
Куҷо дар хоби ноз аз нармӣ бистар шавад шабнам
зи хуршеди қиёмати об дар чашмаш наме гардад
Агар ойӣнаи дори он рух анвар шавад шабнам
Мада аз дасти соиби домани мижгони хунин ро
Ки дар гулзорҳо муҳаррами зи чашм тар шавад шабнам