зи нокомии гул аз ҳмсҳбтони ёр май чинам

Гулӣ каз ёр бояд чидан аз ағёр май чинам

Гул аз назораи он оташини рухсор май чинам

Збхти сабз аз оташи гул бехор май чинам

Гулӣ каз ҳасани рӯзафзӯни он дилдор май чинам

Ба ҷой хештан бошад агар сад бор май чинам

Адаби парварда ишқам надорад дасти густохӣ

Ба чашми пок , гул аз оризи дилдор май чинам

зи рангомезӣ шарму ҳаё дар ҳар нигоҳии ман

Ҳазорон ранги гул зон оташини рухсор май чинам

зи як гул гарчи мумкин нест чандини гул чидан

Ман аз рӯй ҳиҷоб олуд он дилдор май чинам

Гар аз сангини дилӣ бар рӯй ман дар боғбони бандад

зи чашми дурбини гул аз дару девор май чинам

Мурувват нест рӯи гардондан аз чашми ман ҳайрон

Ки ман дарду бало зон наргиси бемор май чинам

зи ношойистагӣ дар остинам мешавад пинҳон

Гули хуршед агар аз баҳри он дастор май чинам

Гулӣ каз бӯстон чун булбулони зини пеш май чидам

Зикрнгӣ кунун аз ғунчаи минқор май чинам

Ба коми Хизри оби зиндагиро талх ме созад

Гули захмӣ ки ман зон теғ безинҳор май чинам

зи хорстон дунё нест бар хотири марои захмӣ

Ки аз борӣки бинии гули зи неши хор май чинам

Ҳамон резанд хор аз носпосиҳо ба чашми ман

Ба мижгон гарчи аз роҳи азизони хор май чинам

Чунон тарсидааст аз уқдаи дилбастагии чашмам

Ки беш аз хор , доман аз гул бехор май чинам

Ба наъл вожгӯн натавон марои гумроҳи гардондан

Гули тасбеҳи ман аз ҳалқаи зи нор май чинам

Аз он солим буд чун гирдбод аз санги пои ман

Ки бо ин саркашӣ аз роҳи мардуми хор май чинам

Зқрби гули насиби дида шабнам наме гардад

Гулӣ каз даври ман аз рахнаи девор май чинам

Саҳар гул мекунад чун офтоб аз ҷабҳае соиб

Дили шаб ҳар гулӣ каз олами анвор май чинам

Ки дорад ҳасани оламгири дилдори марои соиб ?

Ба ҳар ҷониб ки рӯи орми гул аз дидор май чинам