Навой андалебонро зиҳам нагусаста ме хоҳам
Чу мавҷи ин нағмаи серобро пайваста ме хоҳам
Май хомам , камоли ман буд дар ҷӯши танҳоӣ
Азин майхона чун , ҳам хонае дар баста ме хоҳам
Зтнҳоиии гиреҳ дар ришта парвоз ме уфтад
Сабки парвозӣ аз қайди алойиқ ҷуста ме хоҳам
Каманди ишқи дунболи сар озода ме гардад
зи фикр ҳар ду олами хотир ворастаа ме хоҳам
Замини нарм раъно мекунад нозуки ниҳолон ро
Суханҳои баланд аз мардум оҳиста ме хоҳам
Надорам ҳасрати тахти сулаймону сарири ҷам
Ба домони ту гирди хешро бинишаста ме хоҳам
Ба дидан нестам қонеъ чу Тифли ашк аз гулшан
зи авроқи дилу лухти ҷигар гулдаста ме хоҳам
Насозам талхи айши худ ба хоҳишҳои гӯногӯн
Даҳангар во кунам васли шукр чун писта ме хоҳам
Макун манъам агар бар оташи сӯзони занами худ ро
Сапанди шӯхи чашмам , маънӣ барҷаста ме хоҳам
Агар аз гиря фориғ нестам шамъи маъзӯрам
Ба дарёи ҷӯйбори хешро пайваста ме хоҳам
зи гуфтори мулоими ваҳшат ман мешавад сокин
Ҳамеша тандурустӣ аз насим хаста ме хоҳам
Шикасти хотири аҳбоб соиб нест кори ман
Ки қалби душмани хунхорро нашикаста ме хоҳам