Ашк дар дидаи ғам дида нагирад ором
Дона дар тоба тФсидаҳ нагирад ором
Бахяи меҳри лаб хуноб нагардад дар захм
Шиква дар хотир ранҷида нагирад ором
Ашки ман чашм чу шабнам ба гулӣ дӯхта аст
Ки маро дар дил ва дар дида нагирад ором
Гиряи сӯхта ҷонон нашавад парда нишин
Ҷузи сари роҳ , ситам дида нагирад ором
Аз парешони сафарони лангари тамкини матлаб
Дар ватани ҳеҷ ҷаҳон дида нагирад ором
Кӯҳ тамкин нашавад сади раҳи шухии ҳасан
Дар садафи гавҳар санҷида нагирад ором
Дили битоб дар он зулф нёсуд дамӣ
Дурбин дар раҳ хобида нагирад ором
То ба фаҳмида дигар нарасонад худ ро
Сухани мардум фаҳмида нагирад ором
Назари пок буд шефтаи домани пок
Табъи булбул ба гул чида нагирад ором
Ҳар ки додааст зи кафи домани фурсат , донад
Ки чаро соиби ғам дида нагирад ором