То назар аз гули рухсор ту бардошта ам
Мижа дастӣаст ки дар пеш назар дошта ам
Бас ки рухсори ту дар мад назар дошта ам
Дидаам рӯй ту , агар оина бардошта ам
Рӯзу шаб чун мижа дар пеши назар ҷилва гараст
Нусхае каз хати мишкӣни ту бар дошта ам
Май рӯм ҳар қадам аз ҳуш ва ба худ ме оем
То паии қофилаи буии ту бар дошта ам
Бо дили танги зи асбоби ҷаҳон сохта ам
Ин гиреҳро ба азизӣ чу гуҳар бардошта ам
Бар гронбории ман раҳм кун эй сайли фано
Ки ман ин бор ба умеди ту бар дошта ам
Шухии ишқ ба бозор давонидааст маро
Хона дар санг агар ҳамчу шарар дошта ам
Нестам бехабар аз рози фалак чун наргис
Гарчи доим ба таҳи пой , назар дошта ам
Ҳоши аллоҳ ки кунам шикваи зи қисмат , ҳар чанд
Хушк бӯдааст лабамгар мижа тар дошта ам
Гар дар ойӣна байнам нашиносам худ ро
Бас ки рӯй адаби пос назар дошта ам
Чун занами бол ба ҳам дар сафи Форғболон ?
Ман ки ҳар пари заданеи дом дигар дошта ам
Дилаш аз барқи сбкдстии ман об шуда аст
Пеши хуршедгар аз мум сипар дошта ам
Пардаи хӯн аз рухи мақсӯд ба як сӯ афтод
Гашти равшан ки тамошоӣ дигар дошта ам
Чаҳ кашами миннати хуршеди қиёмати соиб ?
Ман ки бар оташи дили доман тар дошта ам