То з бе ҳосилии хеш хабар ёфта ам
Аз хзФи гавҳар ва аз бед самар ёфта ам
Бирав эй каъбаи рӯ аз доман даст бидор
Ки ман аз рахнаи дили роҳ дигар ёфта ам
Об гаштааст дарин боғи дилам чун шабнам
То зи хуршеди ҷҳонтоб назар ёфта ам
Пина бастааст захм чун садаф аз силии мавҷ
То дарин қулзуми хунхор гуҳар ёфта ам
Бирасонед ба ман қофилаи канъон ро
Ки аз он Юсуф гум гашта хабар ёфта ам
Чатри гули бод ба мурғони чамани арзонӣ
Кончаҳи ман май талабам дар таҳ пар ёфта ам
Мушкилӣ нест ки ҳиммат накунад осонаш
Борҳо дар дили шаби файз саҳар ёфта ам
Ба ки дар ҷустани танги шукр сарф кунам
Пару болӣ ки аз он танг шукр ёфта ам
Чун кашами пой ба домони иқомати соиб ?
Ман ки суди ду ҷаҳонро з сафар ёфта ам