Даст бар зулфи парешон сухан ёфта ам
Чашми бади давр , раги ҷон сухан ёфта ам
Шастаам рӯй ба хуноби ҷигари лаъли сифат
То раги кони Бадахшон сухан ёфта ам
Накунам чашмам ба умри абади Хизри сиёҳ
Умри ҷовиди зи эҳсон сухан ёфта ам
Чун шукр рафтаам аз гармии фикрат ба гудоз
То насиб аз шкрстон сухан ёфта ам
Мӯрам аммо зи шукри резии гуфтори баланд
Маснад аз дасти сулаймон сухан ёфта ам
Чаҳ гуҳарҳои гаронсанг ки дар ҷайби умед
Аз ҳаводории Нитсаон сухан ёфта ам
Ҷӯии ширӣ ки сифедаст азу рӯй биҳишт
Хӯрдаам хӯну зи пистон сухан ёфта ам
Ба ситами даст аз он зулф надорам соиб
Чаҳ кунам , силсилаи ҷунбон сухан ёфта ам