Ғӯта дар баҳри гуҳари зи обила по зада ам

Дар дили хоки қадам бар сар дарё зада ам

Суди ман аз сафари хок , ки чашмаши мрсод

Мушт хокӣаст ки дар дида дунё зада ам

То дар файз гушӯдааст ба рӯем тавфиқ

Ҳалқа чун доғи басӣ бар дар дил ҳо зада ам

Ба хароши ҷигари хеш назар дошта ам

Теша дар зоҳир агар бар дил хоро зада ам

Чаҳ кунад сайли гарони санг ба ҳамвории дашт ?

Хок дар дидаи душман ба мудоро зада ам

Ғӯта дар хӯн зада чун панҷаи марҷони дастам

Бас ки каф бар сари шӯрида чу дарё зада ам

Даст чун дар камари мавҷи туҳидасти занам ?

Ман ки чун риштаи мукаррар ба гуҳар по зада ам

Ин замон дар сафари қатра ба ҷон май ларзам

Ман ки сад мартаба чун сайл ба дарё зада ам

Нест бекори дарин марҳала як нашутур хор

Ҳамаро бар маҳаки дида бино зада ам

Оҷизам дар гиреҳи хеш гушӯдани соиб

Ман ки нақб аз мижа дар сина хоро зада ам