Гарчи аз машқи ҷунуни хоби парешон шуда ам
Хати озодии атфоли дабистон шуда ам
Худ фурӯшӣаст гарон бар дили озодаи ман
Розӣ аз ҷӯши харидор ба зиндон шуда ам
Манам он киштӣ беҳавсила дар баҳри вуҷӯд
Каз гронбории худ ташнаи тӯфон шуда ам
Миннат абр баҳораст маро бар хасу хор
То дарин бодия аз обилаи поён шуда ам
Шаҳри афсурдатар аз хок фаромӯшон аст
То ман аз шаҳр чу маҷнӯн ба биёбон шуда ам
Ғӯтаҳо дар арақ худ задаам чун гули субҳ
То сарафроз ба як захми намоён шуда ам
Обро сарв агар сар ба гулистон дода аст
Ман замини гир аз он сарви хиромон шуда ам
Бе таъаммули дили сангин ту мегардад об
Гар бадоне чаҳ қадари ташнаи борон шуда ам
Дили сайлоб ба вайронии ман май сӯзад
Бас ки дар ҳасрати таъмири ту вайрон шуда ам
Машқи назора рӯй ту маро манзураст
Агар аз ҷумла хуршед прессатон шуда ам
Аз клФи чеҳраи ман чун маи канъон пок аст
Рӯи сиёҳ аз асари силии ихвон шуда ам
Мижа дар чашми терми панҷаи марҷон шуда аст
То назари боз ба он себи занхдон шуда ам
Май газам дар ҳарами васли зи маҳрӯмии даст
Хушк дар баҳр чу сарпанҷаи марҷон шуда ам
Ба забони омадаи соиб дару девор ба ман
То сухангӯӣу схнсозу схндон шуда ам