Ба фалак аз тани хокӣ чу масеҳо рафтам

Аз дили хам ба прихонаҳ мино рафтам

Манам он шабнами афтода ки шуд оби дилам

То зи пастӣ ба сӯии олам боло рафтам

Он ҳубобам ки мукаррар ба ҳавои дили хеш

Сари з дарё задаму боз ба дарё рафтам

Ғӯта дар коми наҳангу даҳан шер задам

Аз сари кӯии харобот ба ҳар ҷо рафтам

Чун гуҳари гирди ятемӣ ба рух санг нишаст

То ман аз ҳалқаи атфол ба саҳрои рафта

Рӯм акнӯн чу Асои роҳ ба пои дгарон

Ман ки сад бодияро силсила бар по рафтам

Дил чу ваҳшӣаст ғам аз касрат ҳамроҳон нест

Ки ман ин роҳ ба сад қофила танҳо рафтам

Гарчи бемории ман рӯй ба беҳбуд гузошт

Дардам инаст ки аз ёд масеҳо рафтам

Нарасидам ба мақомӣ ки набояд рафтан

Гарчи як умр ба дунбол таманно рафтам

Асарӣ аз дил хӯн гашта надидам , ҳар чанд

Дар рагу решаи он зулф чилипо рафтам

Натавон барқи сияҳи хона Лайлӣ гардид

Ба сияҳи хона бемонеъ савдо рафтам

Оҷизам дар раҳи борӣки муҳаббати соиб

Ман ки роҳи камари мӯр ба шабҳо рафтам