Қатъи умеди зи ҳиҷрон ва висолаш кардам

Сайри чашмонаи қаноат ба хаёлаш кардам

Пушти дастами ҳадафи захми надомат шуда аст

Ки чаро даст дар оғӯш хаёлаш кардам

Мурғи тасвир дар оромгҳм гар ҷанбед

Номаи шавқи турои шҳпр болаш кардам

Сарв агар кард ба шамшоди ту бе андомӣ

Ба як оҳи чамани афрӯз хилолаш кардам

Дар шаби тори паии дузд давидан ҷаҳл аст

Дил агар баради зи ман зулф , ҳалолаш кардам

Сарв агар бар сари ман сояи раҳмати афканд

Ман ҳам аз нисбати қади ту ниҳолаш кардам

Қуфл тбхол задам бар даҳани худ соиб

Қатъи умеди зи Хизру з зулолаш кардам