Ёди он аҳд ки дар баҳр сафар ме кардам

Камари саъии худ аз мавҷ хатар ме кардам

Чун садафи қатраи ашкӣ ки ба ман ме доданд

намезадам бар лаби худ меҳр ва гуҳар ме кардам

Як ҷаҳони сӯхта дил мешуд агар меҳмонам

Ба дами гарми чароғи ҳама бар ме кардам

Гар ду сад қофилаи махмур ба ман бар ме хӯрд

Сари хуш аз майкадаи хӯн ҷигар ме кардам

Аз чамани маҳви ҷамоли чаман оро будам

Чашми пӯшидаи зи фирдавс гузар ме кардам

намегирифтанд батон гӯши худ аз афғонам

Дар дили санг ба фарёд асар ме кардам

Гарчи дунболаи рӯи қофила дил будам

Хуфтагонро ба сари пой хабар ме кардам

зи ошноӣ бе тилисми раҳу расми афтодам

Ман ки аз маънии бегона ҳазар ме кардам

эй хуши он аҳд ки дар Мисри вуҷӯд аз мастӣ

Юсуфӣ буд ба ҳарҷоӣ назар ме кардам

Ин ки умрами ҳама дар марҳала паймое рафт

Коши як бори ҳам аз хеш сафар ме кардам

Ёди аҳдӣ ки ба эксири қаноати соиб

Заҳр агар қисмати ман буд шукр ме кардам