Тамаъи бӯса аз он лаъли шукр хо дорам

Хайр аз хона дар баста таманно дорам

Чун қадаҳи чашм ба эҳсон суроҳеаст маро

Рӯзии худ тамаъ аз олам боло дорам

Чаҳ кунад бо ҷигари сӯхтаи чандини хор

Дами обӣ ки ман аз обила по дорам

Нест аз реги равони мавҷи нафаси сӯхта ро

Лаби хушкӣ ки ман аз суҳбат дарё дорам

Дона аз дом ба андоз раҳои чинам

Тӯша охиратаст ончии з дунё дорам

Нест бе гавҳари ибрати садафи олами хок

На з тифлӣаст агар завқ тамошо дорам

Ваҳшат аз дидани макрӯҳ фузун ме гардад

На з ҳирсаст агар рӯй ба дунё дорам

Тани хокӣ ки ба меъмории он машғӯлам

Лаб бомайаст ки аз баҳр тамошо дорам

Дар сияҳи хона Лайлӣ набӯд маҷнӯн ро

Ин ҳузурӣ ки ман аз парда шабҳо дорам

Соиб аз муҳаррамии шонаи дилами сад чок аст

Роҳ ҳар чанд дар он зулф чилипо дорам