Чанд аз содаи дилии захм ҳавас бурдорам ?

Ба ки ин оина аз пеш нафас бурдорам

Ман ки чун барги хазони болу пурм рехта аст

Ба чаҳ умеди дил аз кунҷ қафас бурдорам ?

Офати ҳирси зи шамшери ду дам бештараст

Чун ду даст аз сари худ ҳамчу магас бурдорам ?

Гул ба душман назананд аҳли мурувват , варна

Ман на онам ки забунии з асас бурдорам

Роҳи хобидаи зи бедор дилон ме гардад

Даст агар аз даҳани худ чу ҷарас бурдорам

Ишқ хоҳад з ҳавас кард сабки бори маро

Аз раҳи сайл чаҳ афтода ки хас бурдорам ?

Он қадри муҳлат аз айём таваққуъ дорам

Ки аз ойӣнаи дили занг ҳавас бурдорам

Зон буд бистару болини ман аз гул чу насим

Ки хасу хори зи роҳи ҳама кас бурдорам

Дар шабистони ҷаҳони равшан аз онам чун субҳ

Ки ғубор аз дили олам ба нафас бурдорам

Булбулӣ нест дарин боғи зи ман қонеъ тар

Файзи оғӯши гул аз чок қафас бурдорам