Чанд дар доираи мардум оқил бошам ?

Таҳтаи машқи сад андеша ботил бошам

Фатҳ бобӣ нашуд аз каъбау бтхонаҳи маро

Баъди азин гӯши броўоз дар дил бошам

Ман ки аз оби рухи худ чу гуҳари серобам

Дар дили баҳрам агар бар лаб соҳил бошам

Олам аз ҷилва ёраст хиёбони биҳишт

Ман ба як дидаи ҳайрон ба ки моил бошам ?

Ҳамаи аҷзои ҷаҳони маҳмили маъшӯқ ман аст

Ман сўдоздаҳи ҳайрон чаҳ маҳмил бошам ?

Сӯхти парвонаи бидрду маро ёд накард

Ба чаҳ умеди дарин гӯша маҳфил бошам ?

Заъфарон зор шавад решаи ғам дар ҷигарам

Агар аз шодии ғамҳои ту ғофил бошам

намешавад хотири сайёди хуш аз ғифлати ман

Варна аз дом маҳоласт ки ғофил бошам

Аз дар ҳақ ба дар халқ чаро бояд рафт ?

На з бухласт агар душман соил бошам

Соиб аз домани дили даст ба хӯн ме шавем

Чанд дармондаи ин уқда мушкил бошам ?