Тохт аз сина ба мижгони дили бозигӯшам

Гашти болу пари тӯфони дили бозигӯшам

Ман ки дар савмиъаи сари ҳалқа перон будам

Кард бозичаи Тифлони дили бозигӯшам

Ман куҷо , ханда задан чун гули бидрди куҷо ?

Кард чун ғунчаи парешони дили бозигӯшам

Гарчи дар кунҷи қафаси болу пурми ғунча шуда аст

намекунад сайри гулистони дили бозигӯшам

Биқрорст чу мӯ бар сари оташ , то шуд

Зулфро силсилаи ҷунбони дили бозигӯшам

Ҳамаи шаб дар тани маҷрӯҳи з бе оромӣ

намекунад сайр чу пайкони дили бозигӯшам

Ҳаст чун барқи намоёни зи раги абри баҳор

Аз сари зулфи парешони дили бозигӯшам

Нест аз таркиши пари тири хатари пайкон ро

намезанад бар сафи мижгони дили бозигӯшам

Бас ки зад қатра ба ҳар кӯчаи боўрди охир

Гирд аз олами имкони дили бозигӯшам

Ҳамчуи тӯтӣ ки зи ойӣна ба гуфтор ояд

Шуд аз он чеҳраи схндони дили бозигӯшам

Нест мумкин ки ба фикри ман бедил уфтад

Соиб аз ҳалқаи Тифлони дили бозигӯшам