Чашми бемор балоеаст ки ман ме донам

Зери ин дард давоеаст ки ман ме донам

Ҷилваи сарви баровардаи болой касе аст

Хӯбии гули з лақоеаст ки ман ме донам

Ҳеҷ ҷо гарчи азу нест ки нозаш нарасад

Нози он шӯхи з ҷоеаст ки ман ме донам

Даст гулчин шавад аз хандаи гулҳои густох

Хашм ӯ лутф баҷоеаст ки ман ме донам

Ҷавҳари хат ки дар он оинаи рӯ пинҳон аст

Зираи зер қабоеаст ки ман ме донам

Аз адоҳои ту кӯтаҳи назарони бихбрнд

Ҳар адои тир қазоӣаст ки ман ме донам

Гарчи ин бодия аз бонг ҷарас пуршӯраст

Гӯши Лайлӣ ба навоеаст ки ман ме донам

намешавад боди муроди дили дарёии ман

Не агар нағма сароеаст ки ман ме донам

Ҳимматӣ каз ду ҷаҳонаст даст фишон ме гузарад

Дар захми зулф дутоӣаст ки ман ме донам

Дар раҳи ишқ ки болу пар ӯ урёнӣ аст

Роҳзан роҳнамоӣаст ки ман ме донам

Қиблаи мардуми озода яке ме бошад

Дар сари сарв ҳавоӣаст ки ман ме донам

Мавҷи дарёии ҳаводиси дил чун оина ро

Сайқали занг зудоӣаст ки ман ме донам

Дар харобӣаст ду сад ганҷи саодати мадфӯн

Ҷғдро фар ҳумоеаст ки ман ме донам

Зоҳиди кавдану идроки латоиф , ҳайҳот

Майу неи об ва ҳавоӣаст ки ман ме донам

Пеши қорун ба таҳ хок кунад дасти дароз

Ҳирс агар ҳуба гадоӣаст ки ман ме донам

Роҳ аз нашутур алмос наме гирданд

Шавқ агар обила поеаст ки ман ме донам

Уқда на фалак аз нохуни по боз кунад

Ишқ агар уқда гушойӣаст ки ман ме донам

Табли риҳлат ки азу биҷгрон ме тарсанд

Нағма рӯҳ физойӣаст ки ман ме донам

Рози пинҳони марои боиси шӯҳрати соиб

Рӯй андеша намоеаст ки ман ме донам