Гӯшае кӯ ки дил аз фикри сафар ҷамъ кунам ?

По ба домони садафи ҳамчуи гуҳар ҷамъ кунам

Тухми худ чанд дарин хоки сияҳ чун анҷум

Шаб парешон кунаму вақти саҳар ҷамъ кунам ?

Аз парешонеи хотири ду нафасро чун субҳ

Нест мумкин ки ман хастаи ҷигар ҷамъ кунам

Рахна дар кори зи тасбеҳ фузунаст маро

Чун дили хеши зи сад раҳгузор ҷамъ кунам ?

Аз гуҳари синаи чокӣ ба садаф беш намонад

Ба чаҳ умеди дарин баҳри гуҳар ҷамъ кунам ?

Ҳайф ва сад ҳайф ки чун фазли хазони муҳлати умр

Он қадр нест ки ман барги сафар ҷамъ кунам

На чунон дили зи фироқи ту парешон шуда аст

Ки ба шерозаи он мӯии камар ҷамъ кунам

Ҳар сари мӯии турои чашм нигоҳӣаст зи ман

Ба тамошои ту чун нури назар ҷамъ кунам ?

Чанд чун обилаи сарфи қадам хор шавад ?

Обрӯе ки ба сад хӯни ҷигар ҷамъ кунам

Ман ки дар байза ба гирди сари гул май гаштам

Дар гулистон чаҳ хаёласт ки пар ҷамъ кунам ?

Сарв аз бе самарии халъат озодӣ ёфт

Чаҳ фитодааст ман хом , самар ҷамъ кунам ?

Парда хоб шавад дидаи кӯтаҳи байн ро

Аз гронҷонӣ агар барги сафар ҷамъ кунам

Чашми умед аз он бастаам аз ҳар ду ҷаҳон

Ки ба назора рӯй ту назар ҷамъ кунам

Ман на онам ки ба шерозаи маҳшари соиб

Ҷисми вайрон шударо бор дигар ҷамъ кунам