Баста тар шуд дил ман дод чу хати даст ба ҳам

Кор занҷир кунад мӯр чу пайваст ба ҳам

Мижа бар ҳам задани ёр тамошо дорад

Ки шавад дасту гиребони ду ҷаҳони маст ба ҳам

На чунон гашти парешони дили сад пораи ман

Ки ба шерозаи он зулфи тавон баст ба ҳам

Магзар аз суҳбати ёрони мувофиқи зинҳор

Риштау мум , шавад шамъ чу пайваст ба ҳам

Зулф ӯ фитнау хати офат ва холаст бало

Оҳ аз он рӯз ки ин ҳар се диҳад даст ба ҳам

Магзар аз чошнӣ шаҳд хамӯшӣ соиб

Ки зи ширинии он , рахнаи лаби баст ба ҳам