Барги айши худ аз он тоза чаман ме хоҳам

Як гули бӯса аз он кунҷ даҳан ме хоҳам

Тифли густохаму комам ба шукр ху карда аст

Бӯса мехоҳам ва аз кунҷ даҳан мехоҳам !

Хӯни ман лола ва гул нест ки помол шавад

Хунбҳоии худ аз он аҳд шикан ме хоҳам

Карбалои гашти замини Яман аз партав ӯ

Аз ақиқи лаб ӯ хӯн Яман ме хоҳам

Нестам аз сухани сода чу тӯтии маҳфӯз

Печу тобӣ ба сари зулф сухан ме хоҳам

Рӯзу шаб дар талаби синаи софами соиб

Тӯтӣам , оинае баҳр сухан ме хоҳам