Аз ғами зулфи ту дар дом бало афтодем
Чаҳ ҳаво дар сари мо буд ва куҷо афтодем
Буи пероҳан Мисрем ки аз бе қайдӣ
Дар гиребони гулу ҷайб сабо афтодем
Пӯст бар пайкари арбоби ҷунун зиндон аст
Сустии мост ки дар банд қабо афтодем
Ҳамчунон мунтазири сарзаниши хор ва хасем
Гарчи чун обила дар ҳар таҳ по афтодем
Хизри тавфиқ буд ташна танҳо гардон
Бесабаб дар ақаб роҳнамо афтодем
Такя бар ақл макун пеши занхдон батон
Ки дарин чоҳи мукаррар ба Асо афтодем
Муваҷҷаҳи сабзаи зангори гузашт аз сари мо
То аз он оинаи рухсор ҷудо афтодем
Соиби афсонаи зулфаш ба ҷунуни анҷомӣд
Дар куҷо буд ҳикоят , ба куҷо афтодем