Сафҳаи дил , сияҳ аз машқ таманно кардем

Каъбаро бткдаҳи зини хат чилипо кардем

Аз сияҳи кории анфос , дили равшан ро

Охроломри сияҳи хона савдо кардем

Ришта , гавҳари санҷида , ибратҳо буд

Нигаҳӣ чанд ки мо сарф тамошо кардем

Нафасӣ чанд ки дар ғам гузордан ситам аст

Ҳамчуи гули сарфи шукри ханда биҷо кардем

Ба зари қалби зи кафи домани Юсуфи додем

Дили мо хуш ки дарин қофила савдо кардем

Умр дар биҳдаҳ гардӣ гузаронадем чу мавҷ

Аз гуҳари сулҳ ба хору хас дарё кардем

Силии маргӣ ба уқбо накунад моро рӯй

Ин чунин каз таҳи дил рӯй ба дунё кардем

Чаҳ хаёл аст тавонем камар бастани боз

Мо ки дар раҳгузари сайли камар во кардем

Ҳеҷ зангор ба ойӣна равшан накунад

Ончии мо бо дил ва бо дида бино кардем

Назариро ки кушоди ду ҷаҳон буд азу

Шонаи зулфи гиреҳгир тамошо кардем

Гарчи зи афсурдаи длоним ба зоҳири соиб

Олимиро ба дами гарми худ эҳё кардем