Хоби сангинӣ аз афсона ғифлат дорем
Қатрае чашм аз он абр мурувват дорем
Содагии байн ки ба ин рӯй сияҳ чун дили шаб
Аз дуои саҳари умед иҷобат дорем
Узр исён натавон хост ба ин умри қалил
Нест аз ғифлат агар фикр иқомат дорем
Дар қиёмат чаҳ хаёласт ки гирдем сифед
Аз сияҳи рӯеи худ бас ки хиҷолат дорем
Кӯҳ аз сайли ҳаводис ба камар ме ларзад
Мо ҳамон пушт ба девор фароғат дорем
Гӯшае кӯ ки чу қуръони дили мо ҷамъ кунад
Дили сӣ порае аз ҳалқа суҳбат дорем
Шамъи равшани гуҳаронро ғам сарбозӣ нест
Ҷои силӣ ба рух аз даст ҳимоят дорем
Дили мо сӯхтагонро зада ширинии ҷон
Дами обии тамаъ аз теғ шаҳодат дорем
Барнагардонд агар ҳасани ғаюри ту варақ
Сабр бар ваъдаи дидор қиёмат дорем
Хиҷлат бе самарии монеъи девонаи мост
Соиби андешагар аз санг маломат дорем