Мо лаби хушки қаноати лаб нон ме донем
Даст шустани зи тамаъи об равон ме донем
Дил набандем ба асбоби сбксири ҷаҳон
Бодпимоиии авроқ хазон ме донем
Дар тмошогаҳи ин маъракаи Тифли қариб
Ҳар ки пӯшади назар , аз дида ва рон ме донем
Чидаем аз ду ҷаҳони домани улфат чун сарв
Ҳар ки аз мо гузарад об равон ме донем
Баҳр бардоштан аз хоки мазаллати мо ро
Ҳар ки қад рост кунад тир ва синон ме донем
Фикр дар олами ҳайронии мо муҳаррам нест
Хомширо зи парешон суханон ме донем
Чаҳ фитодааст броиим чу Юсуф аз чоҳ
Мо ки худро ба зари қалб гарон ме донем
Ҳасан аз парда маҳоласт ки ояд берун
Рӯй чун оинаро ба оина дон ме донем
Ҳар ки санги раҳи мо грмрўон ме гардад
Дар биёбони талаб , санг Фсон ме донем
Санг агар бар сари девонаи мо май борад
Соиб аз бихбрии ратл гарон ме донем