Ишқи кӯ то ( ба ) нами ашки назар тоза кунем

Намаки шӯри қиёмат ба ҷигар тоза кунем

Даст кӯтоҳ кунем аз камари риштаи ҷон

Аҳду пайванд ба он мӯии камар тоза кунем

Аз сари ҷону дили оғӯш гшо бархезем

Байъати ҳолаи худро ба қамар тоза кунем

Теша дар даст ба ҷўлонгаҳ ширин тозем

Номи Фарҳод ба ҳар кӯҳу камар тоза кунем

Бар ғубори дили мо суҳбати дарёи афзуд

Дасту рӯеи магар аз оби гуҳар тоза кунем

Ҳеҷ кас нест ки бар доғи ҳунар нохун нест

Чаҳ зарураст ки мо доғи ҳунар тоза кунем

Миннати бода ба сад ранг баровард маро

Чеҳраи хеш ба хуноби ҷигар тоза кунем

Он сбксир ҳубобем дарин баҳри муҳӣт

Ки ба ҳар чашм задани рахт дигар тоза кунем

Ин ғазали он ғазали хоҷа назирӣаст ки гуфт

Сина бар барқ гушойему ҷигар тоза кунем