Ба ҳарфу савти зи бӯсу канор сохта ам
Ба буии гул чу насим аз баҳор сохта ам
Таваққуъи хушии дигар аз ҷаҳонам нест
Ба вақти хуши ман азин рӯзгор сохта ам
Ним чу шабнами густохи бори хотири гул
Ба хори хорӣ аз он глъзор сохта ам
Ба пой хам набарам дардисар чун бе зарфон
зи хӯни дил ба май бехумор сохта ам
Ба обрӯии худ аз ақди гавҳарами қонеъ
зи баҳри ман ба ҳамин чашмасор сохта ам
Назар сиёҳ насозам ба марҳами дгарон
Чу лола бо ҷигари доғдор сохта ам
Ба ман дурӯеи мардум чаҳ метавонад кард
Ки бо ду рангии лайл ва наҳор сохта ам
Чу кӯдакон ба тамошои зъбртми қонеъ
Ба ришта аз гуҳари шоҳвор сохта ам
Ба ман зи толеъи носоз ғам наме созад
Вагарнаи ман ба ғам аз ғмгсор сохта ам
Магар шавад дили равшани зи ҷисми тираи халос
Чу шамъ бо мижаи ашкбор сохта ам
Ба роҳи сайли дарин хокдони зи ҳамворӣ
Банноӣ ҳастӣ худ пойдор сохта ам
Ба хӯни зи неъмати алвони оламами қонеъ
Чу нофа бо нафаси мшкбор сохта ам
Шавад хамӯш зи трдомнони ситораи ман
Аз он ба сӯхтагон чун шарор сохта ам
Ба пои гуҳари ман чаро ннозди баҳр
Ки қатраро гуҳари шоҳвор сохта ам
Тиҳии зснг маломат намекунам паҳлу
Чу Кебеки маст ба ин кӯҳсор сохта ам
зи мумсикии фалак аз ман дареғ дошта аст
Ба захми хор агар аз хорзор сохта ам
Аз он ба рӯй замин бор нест сояи ман
Ки ман ба дасти тиҳӣ чун чанор сохта ам
зи бӯсаи сулҳ ба пайғом кардаам соиб
Ба ҳарф аз он лаби шукри нисор сохта ам