Чу шонаи меҳр ба лаб бо ду сад забон зада ам
Ки даст дар камари зулф длстон зада ам
Дарин бисоти ман он сайли хонаи пардозам
Ки пушти пой ба маъмура ҷаҳон зада ам
Маро ба кунҷ қафас кист раҳнамо гардад
Ки барқ бар хасу хошок ошён зада ам
Ба гавҳарами садаф чарх мекунад танагӣ
з аҷз нест ки меҳр бар даҳон зада ам
Шудааст хори надомати ҷигари хароши маро
Ба саҳви барги гулигар ба душманон зада ам
зи шарм беадабӣ об гаштаам ҳар чанд
зи даври бӯса бар он хок остон зада ам
Ба зӯри нарми дил осмон наме гардад
Ва гарна зӯри мукаррар бар ин камон зада ам
Ҳазар кунед зи захми забони нолаи ман
Ки ман зи кӯҳи ғами ин теғ брФсон зада ам
зи сарди Меҳрии аҳбоб дар риёзи ҷаҳон
Тамоми барги сафар чун гул хазон зада ам
зи бас ба тири хаданг ту додаам паҳлу
Чу шери даст ба таркиши з Нитсаатон зада ам
Чигуна хӯн начакад аз каломи ман соиб
Ки такя бар дами шамшер хўнчкон зада ам