Сабк ба чашми ту аз шеваи вафо шуда ам

Сазои ман ки ба бегонаи ошно шуда ам

Касе ба хок чу ман гавҳарӣ наяндозад

Ба саҳв аз гиреҳи рӯзгори во шуда ам

зи хӯни шикваи даҳонами параст чун сӯфор

Хаданги рости рӯм аз ҳадафи хато шуда ам

Мулоимат шаканд шохи тундхуён ро

з хор нест ғамам то бараҳнаи по шуда ам

Кӣми ман ва чаҳ буд ризқи ҳамчуи ман мӯрӣ

Ки бори хотири ин ҳафт Асия шуда ам

Намак ба дидаи ман ранги хоб май резад

зи чашми серумаи фиреби ту то ҷудо шуда ам

Ҳануз нақши таъаллуқ ба лавҳи дил боқӣ аст

з фақр нест ки қонеъ ба бӯрё шуда ам

Ба нола чун ҷарасами сад забон оҳан ҳаст

зи бими хуии ту чун ғунча бесадо шуда ам

зи ҳеҷ ҳам нафасӣ рӯй дил наме байнам

Чу пушти оина зон рӯй бесафо шуда ам

Миёни аҳли сухани имтиёзи ман соиб

Ҳамин басаст ки бо тарзи ошно шуда ам