Ба шӯри ишқу ҷунуни ҳамчуи субҳи машҳурам

Шикастааст намакдони чархро шӯрам

зи ҷӯши синаи ман хам ба ваҷд ме ояд

Чакидаи кафи ишқам , шароби Мансурам

Ба рӯй гарми ғарибӣ чунон фирефт маро

Ки дили зи субҳи ватан сард шавад чу кофурам

Ба накҳатӣ ки азин боғи ризқ ман карданд

Чаҳ хонаҳо ки пар аз шаҳд кард занбӯрам

Чу субҳ агар чаҳ ҷаҳон равшанаст аз нафасам

Ғубори хотири маҳфил чу шамъ бе наварам

Чаҳ нисбатаст ба мижгон маро наме донам

Ки пеши чашмам ва аз пеши чашмҳо даврам

Чаҳ шуъла буд ки зад ҳирс дар ниҳоди маро

Ки дил хунак нашуд аз мӯии ҳамчуи кофурам

Сабуии ҷисми куҷои сади роҳ ман гардад

Шикасти шишаи чарх аз шароби пари зӯрам

Ба роҳи рост далолат макун марои соиб

Ки зиҳ ба хеш нагирад камони пурзӯрам