Чунон ки нил буд монеъ расӣдани чашм
Ба хати рухи ту амон ёфт аз гузидани чашм
Шаби гузашта куҷо бӯдае ки хобида аст
Бисоти сабзаи хати ту аз чаридани чашм
зи дил чу ойӣнаи чинами бисоти ҳайронӣ
На шабнам ки қаноат кунам ба дидани чашм
Ба оҳу нола маҳоласт меҳрбон гардад
Бутӣ ки ром нашуд аз фусуни дамӣдани чашм
Ба боли баста чаҳ парвоз ме тавон кардан
Чаҳ қатъи роҳ тавон кард аз давидани чашм
Мабош беҳаракат зинҳор каз гулшан
Ба офтоб расад шабнам аз паридани чашм
Ба равшанои дил ме тавон ҷаҳонро дид
Ва гарна саҳл буд дидан ва надидан чашм
Забону гӯш чаҳ ҳоҷат чу ҳаст бенаӣ
Ки бо нигоҳ буд гуфтану шунидани чашм
Хабари зи гардиш паргор медиҳад марказ
Далел рафтан длҳост орамидан чашм
Шарифро ба хасис эҳтиёҷ ме уфтад
Ки барги коҳ буд доруӣ паридани чашм
Чу мушти серумаи ғубори вуҷӯди ман соиб
Ба бод меравад аз як нафас кашӣдан чашм