Агар чаҳ неки ним дар паноҳи никонм
Аҷаб ки ташнаи бимонам , суфоли райҳонам
зи ашки шамъ ба шабгардии ашки ман пеш аст
зи гиряи замзами сад каъбаи шабистонам
Чаро азиз набошам ба дидаҳо чун хол
Кабӯтари ҳарами он чаҳ занхдонам
Садаф ба оби гуҳар то даҳан наме шавед
Наме барад ба забони номи чашми гирёнам
Ҳамон талоши нҳонхонаҳ ватан дорам
Агар диҳад ба кафи дасти ҷои сулаймонам
Ба ҳар ки мункири ҷӯши сиришк ман бошад
Агар буд писари Нӯҳ , мавҷи тӯфонам
Кушода рӯй ба аҳбоб чун гули субҳам
Ба грмхўнӣ чун офтоби тобонам
Талоши мива ҷинат намекунам соиб
Ҳалоки себи занхдону нори пистонам