Чигуна пеши рухи нозуки ту оҳ кунам

Дилам намедиҳад ин сафҳаро сиёҳ кунам

На оҳ бар лаб ва на гиря дар назар дорам

Чисони нигоҳ бар рухсор субҳгоҳ кунам

Ҳазор ранги гули доғ дар бағал дорам

На лолаам ки ҳамин сафҳае сиёҳ кунам

Дубори брх ӯ дидан аз мурувват нест

Тамоми умр чу ойӣнаи як нигоҳ кунам

Маро ба гӯшаи чашм тараҳҳумӣ дарёб

Ки нест тоқати онам ки ним оҳ кунам

Ба сади оҳан агар кори оҳ ман уфтад

Ба ним оҳи баробар ба хок роҳ кунам