Ба ҳар ки бода диҳад ёр , ман хароб шавам
Нигоҳи гарм ба ҳар кас кунад кабоб шавам
зи ман канора кунад мавҷ агар ҳубоб шавам
Фиреб ман нахурд ташнагар сароб шавам
Чу мавҷ , сайқали дарё чу метавонам шуд
Гиреҳ чаро ба дили баҳр чун ҳубоб шавам ?
Дарин замона ки буи гуласт мӯии димоғ
Чаҳ лозим аст хӯрам хӯну машк ноб шавам ?
Ба васли гавҳари носуфта роҳ натавон ёфт
Чаро чу риштаи абаси харҷи печ ва тоб шавам ?
зи рангу буии ҷаҳон мушкиласт дил кандан
Магар чу шабнами гули маҳв офтоб шавам
Чунин ки зулф ту шуд нарми шона аз хати сабз
Умед ҳаст ки ман низ комёб шавам
Ба гирди ман натавонад расед ободӣ
Агар зи сайли ҳаводиси чунин хароб шавам
Ба ман дил касе аз дӯстон наме сӯзад
Ба оташи ҷигари худ магар кабоб шавад
Чу ме тавон ба риёзати малик шудани соиб
Чаро чу бихброн харҷ хӯрд ва хоб шавам ?