Ба ҷои бода агар дар пиёла об кунем
зи танги ҳавсалагии мастӣ шароб кунем
Чу нахли мум бару бори мо мулоимат аст
Чигуна синаи сипари пеш офтоб кунем ?
Чу мавҷ бар саф дарё занем ва хуш бошем
Ба хеши кор чаро танг чун ҳубоб кунем ?
Агар на хотир рӯй ту дар миён бошад
зи оҳи чашмаи ойӣнаро сароб кунем
Баёзи гардан ӯгар ба даст мо уфтад
Чаҳ бӯсаҳои глўсўз интихоб кунем !
Кадоми айш ба ин айш мерасад соиб ?
Ки моу духтари рузи сайр моҳтоб кунем