Аз сардии ҷаҳони лаби гуфтор баста ам
Чун булбул хазон зада минқор баста ам
Чӯби қафаси зи гиря сайёд кард гул
Ман дил бар ошиёнаи пари хор баста ам
Бар синаи санг серума занад Исфаҳон ва ман
Дил бар саводи ҳинди ҷгрхўор баста ам
Дасти ҳинои гирифтаи гулгун ба дӯши ман
Подош ҳимматӣаст ки бар кор баста ам
Аз баси шикастагӣ , набӯд рӯй маҷлисам
Чун коҳ рӯй зард ба девор баста ам
Ойӣнаам вале зи тарӣҳои рӯзгор
Бар рӯи ҳазор пардаи зангор баста ам
Он ба ки оби гавҳари худро ниҳон кунам
Фардаст яхи зи сардии бозор баста ам
Доғаши зи чашми шӯр нмксўд гашта аст
Гар лолае ба гӯшаи дастор баста ам
Дар базми рӯзгор ба ҷуз сӯхтан чу шамъ
Дигар чаҳ тараф аз дили бедор бастаам ?
Чун нуқта тнгдл шудам аз пои шикастагӣ
Эҳроми сайру давр чу паргор баста ам
Дил бад макун ки аз таҳ дил нест шиква ам
Ин нағмаро ба зӯри барин тор баста ам
Дар зери бор ман набӯд дӯши ҳеҷ кас
Доим чу сарв бар дили худ бор баста ам
Дуздидаам ба синаи нафасҳои оташин
Дар роҳи шуълаи сади хасу хор баста ам
Соиби з бастани лаби ғаммози оҷизам
Ҳар чанд каз фусуни даҳани мор баста ам