Шаб идаст соқии бодаи равшан муҳайё кун
Тамошои маи навро зи ҷоми зари ду боло кун
Хуморолӯд бетобаст дар хамёзаи пардозӣ
Лаби мо баста май хоҳӣ , даҳони шишаро во кун
Ба шукри ин ки дар зери нигини дорӣ май лаълӣ
Суфолу санги ин вайронаро ёқӯт симо кун
Аҷаб айшӣаст моҳи нав ба рӯй дӯстон дидан
Қадаҳ бурдору арбоби тарабро ҷамъи як ҷо кун
зи зуҳди хушк чун тасбеҳ дар дили сад гиреҳ дорам
Ба ҷомии қабзаи хоки марои домон саҳро кун
зи эҳёии замини мурда ба тоъат наме бошад
Дили афсурдаи моро ба ҷоми бода эҳё кун
зи меъмории насиби Хизри умр ҷовдонӣ шуд
Ба дарди бода то мумкин буд таъмир дилҳо кун
з мастӣ кун лаби ҷони бахшро талқин гуёе
Ҷаҳон чун чашми сӯзани танг бар чашм масеҳо кун
Ба рӯй дили тавон тасхир кардани малики дилҳо ро
Кулоҳи саркашӣ аз сари буна , теғ аз камар во кун
Каманди осмонии пора гардидан наме донад
Дили девонаро занҷир азон зулф чилипо кун
Надорад тоб даст андоз ҷуръати домани покон
Замини синаро пок аз хаси вхор таманно кун
зи иқболи карямони обрӯ гавҳар шавад соиб
Лаби хоҳиш ба абри навбаҳорон чун садаф во кун