Барои коми дунёи домани дил бар миён машкан

Пару боли ҳуморо дар ҳавоӣ устихон машкан

Фалак дар зер пой туаст чун аз худ буруни ое

Барои ин раҳи наздики доман бар миён машкан

Ба Юсуф метавон бахшед ҷурми корвонӣ ро

Худоро дар миёни байн , хотири халқ ҷаҳон машкан

Ба бол туаст дар ин хокдон чун тири парвозам

Ба ҷурми каҷравии боли ман эй абрӯ камон машкан

Ғурури ҳасан эй маҷнӯни широкати барнамеи тобад

Хумори чашми Лайлиро ба чашм оҳӯон машкан

Шикаст бе гуноҳони сангро дар нола май орад

Дил чун шишаи моро ба санг имтиҳон машкан

Ҳарифи косаи заҳр пушаймонӣ нахоҳад шуд

Ба ҳарфи душманони зинҳори қалб дӯстон машкан

Ба кори чашми захм боғ меояд вуҷӯди ман

Ба ҷурм бе барии шохи маро эй боғбон машкан

Ба гӯши ҷони нигаҳи дори ин насиҳатро зи ман соиб

Агар хоҳӣ ки қудрат нашканад нон хасон машкан