На имрӯзаст гарм аз доғи савдои ту нони ман

Намаки парварда ишқаст мағзи устихони ман

Замини танг майдон нест ҷои гарми ҷавлонон

Вагарнаи тавсани гардун буд дар зери рони ман

Ба кӯрӣ харҷ шуд ашкӣ ки прўрдм ба хӯни дил

Гулӯе тар нашуд чун шамъ аз оби равони ман

Баромади бас ки бе ҳосили ниҳоли ман , аҷаб дорам

Ки сар боло кунад чун беди маҷнӯни боғбони ман

зи хоҳишҳои алвон дар раҳи сайл хатар будам

Дил бе муддаои зин сайл шуд дороломони ман

Тавозуъ бо фурудастон буд хуш аз зибардастон

Вагарна давр бош аз зӯр худ дорад камони ман

Гирифтам гӯша бар умеди гумномӣ , надонистам

Ки кӯҳи қоф чун анқо шавад санги нишони ман

Гронҷонӣ набошад пешаи ман бо харидорон

Ба сими қалб Юсуф мехаранд аз корвони ман

зи ҳазл ва ҳаҷв додам ту ба соиби шӯхи табъон ро

Даҳон олимӣ шуд чун садафи пок аз даҳони ман