Ба ҷузи холаш ки хати анбарин фом оварад берун
Кадомин донаро дидӣ зи худ дом оварад берун ?
зи хати анбарин ёр равшан шуд чароғи ман
зи зулмати ахтари парвонаро шом оварад берун
зи шикархандаи заҳри чашми хубон кам наме гардад
Ки натавонади шукри талхии з бодом оварад берун
Ба ҳамвории тавон сангини дилонро меҳрбон кардан
Ки мум аз чарби нармӣ аз нигин ном оварад берун
Гаронсангаст тамкини ту , варна ҷазби шавқи ман
зи кӯҳи қофи анқоро ба ибром оварад берун
Ғариқиро бурун май орад аз дарёӣ бе поён
Маро ҳар кас ки аз фикр саранҷом оварад берун
Макун зин беш бепарвое эй сайёди сангини дил
Ки аз бе тобем вақтаст пар дом оварад берун
зи давлати ташнаи хӯн раият мешавад золим
Забони теғро серобӣ аз ком оварад берун
з мазмунаш нашуд огоҳи ақли хурдаи байни соиб
Магари пери Муғони сар аз хом ҷом оварад берун