Олимӣ нест ки азлат набӯд беҳтар аз он

Нест кунҷӣ ки қаноат набӯд беҳтар аз он

Тарафи суҳбат агар Хизр ва масеҳо бошад

Суҳбатӣ нест ки хилват набӯд беҳтар азон

Модари шукр ба ҳасан талабаст обистан

Нест шукрӣ ки шикоят набӯд беҳтар аз он

Шарм аз ҳар сари мӯи теғ забонӣ дорад

Нест узрӣ ки хиҷолат набӯд беҳтар аз он

Нест дар силсилаи чашмаи ҳайвони мавҷӣ

Ки дами теғ шаҳодат набӯд беҳтар аз он

Нест дар хоки ватани хотири ҷамъии соиб

Ки парешоне ғурбат набӯд беҳтар азон