Чашми хуршед ба рухсор ту бошад равшан
Нест як сарв ба ғайр аз ту дарин сабзи чаман
Юсуф аз ғайрати он наргиси нилӯфари ранг
Рафт то Миср ки дар нил занад пероҳан
Бигзор аз пардаи номӯс ки саргармии ишқ
На чароғӣаст ки пӯшида шавад аз доман
Ҳамчунон май пурд аз бе хабарии чашми ҳубоб
Гарчи бо баҳр буд дар таҳи як перҳан
Ҳолаи моҳи зи шавқи ту кушодааст оғӯш
Чанд чун шамъи тавон буд гирифтори лаган ?
Тан ба зиндони ғарибии надиҳади кас , чаҳ кунад ?
Нест бе чоҳи ҳасади домани саҳрои ватан
Марг дар мазҳаби мо рухсати бол афшонӣ аст
Субҳи умеди дамади аҳли сафоро зи кафан
Соиби ин он ғазали муршид рӯмаст ки гуфт
Башикан шохи наботу дили моро машкан