Май даҳум гарчи ба зоҳир чу қалам дод сухан
Сари мӯе хабарам нест зи эҷоди сухан
Бе сухани маснадаш аз даст сулаймон бошад
Соягар бар сари мӯри афканди имдоди сухан
Қадами аввали ин раҳ чу қалам тарк сараст
эй ки дории ҳаваси васли призоди сухан
Қоф то қофи саропарда султонӣ ӯст
Чун сулаймон ба ҷаҳон ҳукм кунад боди сухан
намешавад чун қалам аз риштаи ҷони зуннораш
Ҳар ки шуд волаи ҳасани санами ободи сухан
Шкрстон кунад аз сӯрати ширини даҳанон
Бесутунӣ ки фитад дар кафи Фарҳоди сухан
Гар лаби худ нгшоим ҳама донанд ки ҳаст
Меҳри хомӯшии ман чатри призоди сухан
Ба сухан ҳар ки шавад зинда намирад ҳаргиз
Дам исоаст ҳавои нафаси ободи сухан
Ҳама бар оина доранд назар чун тӯтӣ
То киро сина равшан кунад иршоди сухан
То зи кӯтоҳии парвоз хиҷолат накушуд
Лафз пардохта кун боли призоди сухан
Сухан онаст ки аз мағзи таъаммули хезад
Натавон кард ба ҳар тӯтӣии асноди сухан
Чок кун ҳамчуи қалами синаи худро соиб
Ки дили чок буд машриқи эҷоди сухан