Чанд дандони таъаммул ба ҷигар афшурдан ?

Чун садафи ашки фурӯ хӯрдану гавҳар кардан

Чун қалам то сари худро нанаҳй бар кафи даст

Натавон водии хунхори сухани сар кардан

То қадами доираи сон бар сар худ нагузорӣ

Маънӣ аз олам боло натавон овардан

То чун чавгон нашавад қоматат аз фикри сухан

Аз ҳарифон натавон гӯии фасоҳати бурдан

Он азин кӯчаи баради сар ба саломати берун

Ки сари сахти з ҳар санг тавонад хӯрдан

Ҳар ки сар дар сар маънӣ накунад ҳамчуи қалам

Ба ки номӯс тахаллус накушуд бар гардан

Суханӣ каз сар андеша набошад пуч аст

Шеъри пар мағз нагардад зи даҳани пар кардан

Сухан онаст ки чун пардаи з рухсор кашад

Ранг аз чеҳра ёқӯт тавонад бурдан

Арҷи аҳли сухани ин бас , ки ба афлок расед

Шуълаи шӯҳрати ин тайифаи баъд аз мурдан

Дар гузари соиби азин марҳалаи оташи хез

Беш азин пой дар оташ натавон афшурдан