Бода бо ҳавсилаи мо чаҳ тавонад кардан ?

Тундии сайл ба дарё чаҳ тавонад кардан ?

Ҳамлаи шуълаи куҷоу сипари муми куҷо

Тавба бо соғару мино чаҳ тавонад кардан ?

Аз сафи орои мо ишқ фароғат дорад

Касрати мавҷ ба дарё чаҳ тавонад кардан ?

Ориф аз доғ ҳаводис накушуд рӯ дар ҳам

Лола бо синаи саҳро чаҳ тавонад кардан ?

Сарв аз кашмакаши бод хазон озодаст

Бо дили мо ғами дунё чаҳ тавонад кардан ?

Каҷӣ аз табъ ба тадбир бурун натавон барад

Шона бо зулфи чилипо чаҳ тавонад кардан ?

Ҳасани комили зи шабихун газанд озодаст

Чашми бад бо яди Байзо чаҳ тавонад кардан ?

Осмони биҳдаҳи хам дар хам соиб карда аст

Киштии шиша ба хоро чаҳ тавонад кардан ?