Бо гронҷонии тани дил чаҳ тавонад кардан ?

Донаи сӯхта дар гул чаҳ тавонад кардан ?

Хоксорӣу таҳаммули зира Довӯдӣ аст

Шӯриши баҳр ба соҳил чаҳ тавонад кардан ?

Роҳи хобида ба фарёд нагардад бедор

Панд бо ошиқи бедил чаҳ тавонад кардан ?

Сайл аз кишвари вайрона туҳидаст равад

Бода бо мардуми оқил чаҳ тавонад кардан ?

Сахти рӯ аз дам шамшер нигараданд рӯй

Сухани сард ба соил чаҳ тавонад кардан ?

Эминаст аз хатари парда дарон пардаи ғайб

Хор бо обилаи дил чаҳ тавонад кардан ?

Ҳар сари хорӣ агар нашутур алмос шавад

Бо гронҷонии коҳил чаҳ тавонад кардан ?

Оби шамшер фузун мешавад аз дидаи нарм

Нигаҳи аҷз ба қотил чаҳ тавонад кардан ?

Шарм агар пардаи мастурӣ Лайлӣ нашавад

Пардаи нозуки маҳмил чаҳ тавонад кардан ?

Дар паии ҳосил агар дида мӯрон набӯд

Офати барқ ба ҳосил чаҳ тавонад кардан ?

Чархро аз ҳаракати лангари тамкин ту дошт

Бо ту золими кашиши дил чаҳ тавонад кардан ?

Монеъи шӯриш дарё нашавад соиби мавҷ

Бо ҷунуни қайди слосл чаҳ тавонад кардан ?