Оҳи мо бо дили ҷонон чаҳ тавонад кардан ?

Бод бо тахти сулаймон чаҳ тавонад кардан ?

Дидаи шӯр азон кони малоҳат доғ аст

Бо намакзор , намакдон чаҳ тавонад кардан ?

Май баради тирагӣ аз шоми шикархандаи субҳ

Хат ба он чеҳраи хандон чаҳ тавонад кардан ?

Асал сабз шуд аз хати лаби ширини суханаш

Мӯр бо ин шкрстон чаҳ тавонад кардан ?

Чаҳ кунад сахтии айём ба дилҳои ду ним ?

Санг бо пистаи хандон чаҳ тавонад кардан ?

Сахти рӯеи сипари теғ ҳаводис нашавад

Сина бо он сафи мижгон чаҳ тавонад кардан ?

Чаҳ кунад захми забон бо дили хуши машраби мо ?

Шӯри маҷнӯн ба биёбон чаҳ тавонад кардан ?

Шишаро бодаи пари зӯр ба ҳам ме шаканд

Чарх бо бода прессатон чаҳ тавонад кардан ?

Кӯҳ тоқат нашавад сади раҳи шӯриши ишқ

Каф бемағз ба тӯфон чаҳ тавонад кардан ?

Мавҷ аз чашма зоянда намегардад кам

Дида бо хоби парешон чаҳ тавонад кардан ?

Камари душмании ҳасан , абаси хат баста аст

Мӯр бо малики сулаймон чаҳ тавонад кардан ?

Зери гардун чаҳ кунад дил ки нагардад сокин ?

Дар садафи гавҳари ғалатон чаҳ тавонад кардан ?

Дил ориф наравад аз сухани сард аз ҷой

Бод бо тахти сулаймон чаҳ тавонад кардан ?

Ақл бо ишқ маҳол аст барояд соиб

Зол бо рустами дастон чаҳ тавонад кардан ?