Пеши ғофили сухан аз панду насиҳат рондан
Ҳаст бар сӯрати девори гулоб афшодан
Абҷади машқи ҷунуни ман сўдоздаҳ аст
Хати девонии занҷир , мусалсали хондан
Нест мумкин ки з резиш нашавад дахли афзӯн
Дона дар хоки яке сад шавад аз афшодан
Умри зуд аз дам нашимурда ба анҷом расад
Хатм қуръон шавад осони зи варақи гардондан
Накушуд пой ба хории з дар халқи ҳарис
Хирагиро зи магас давр насозад рондан
Ҷузи дили ман ки ба афтодагии ин давлат ёфт
Нарасидааст ба манзил касе аз вомондн
Мо ки баҳри ту шудем аз ду ҷаҳони рӯгардон
Аз мурувват набӯд рӯй зи мо гардондан
Чаҳ шавад гар шавад аз рӯй ту чашмии равшан ?
Нашавад равшании шамъ кам аз гирондн
Чун лаби лаъл ту оварад хати сабзи бурун ?
Нашавад оби гуҳари сабз агар аз мондан
Накунад барги ниҳони накҳати гулро соиб
Гашт бе пардаи марои рози дил аз пӯшондан