Кор дарёст з ҳар мавҷи хатар хандидан

Рӯ накардани турш аз талх , шукр хандидан

Шеваи зинда дилонаст дарин боғ чу гул

Ҳамаи шаби ғунча шудан , вақти саҳар хандидан

намекунад хурдаи ҷони сафариро боқӣ

Бар рухи сӯхтагони ҳамчуи шарар хандидан

Баста лаб бош ки чун ғунча гул ме уфтад

Рахна дар қасри ҳаёти ту з ҳар хандидан

Чаҳ кунад сахтии айём ба мо бехабарон ?

Рахна дар қасри ҳаёти ту з ҳар хандидан

Чаҳ кунад сахтии айём ба мо бехабарон ?

Кор Кебекаст ба ҳар кӯҳу камар хандидан

Ончунон дар даҳани теғ ба рағбат биравам

Ки фаромӯш кунад субҳи зафар , хандидан

Ҷой хандааст ки дар аҳди шикарханда ӯ

Писта дар пӯст кунад машқи шукр хандидан

Зон сари тири яке ғунча , яке хандон аст

То бадоне ки набошад зи ду сар хандидан

Аз накӯёни ҳама хатмаст бар он Зуҳраи ҷабин

Бедаҳан бар рухи арбоби назар хандидан

эй ки аз оби ақиқи ту фалак сарсабзаст

Нест инсоф бар ин ташнаи ҷигар хандидан

Соиб аз оқибат ханда биандеш ки субҳ

Ғӯта дар хӯн ҷигар зад зи шукр хандидан